"Намедонам, имсол ҳоли мо чӣ мешавад? Худо худаш медонад” ВИДЕО

Деҳае, ки ҳар сол Вахш онро "хурдтар" мекунад.

Боронҳои баҳорӣ садҳо ҳазор сокини Хатлон, вилояти бузурги кишоварзии Тоҷикистонро хурсанд мекунад, аммо садҳо нафар аз ин боронҳо сахт метарсанд. Бахусус онҳое, ки дар канори рӯдхонаи азими Вахш зиндагӣ мекунанд. Мардум аз он бим доранд, ки боронҳои сел сатҳи рӯдхонаро боло мебарад ва хонаҳои онҳоро ҳам шуста, вайрон мекунад.

Бо вуҷуди такрори вазъ, мардум аз назди соҳил намекӯчанд ва барои зиндагӣ дар як ҷойи хатарнок сабаб доштаанд. Асомиддин Садиров, ки ҷабри боронҳои селро кашидааст, бо ҳасрат ба хонаи нимавайронааш менигарист ва бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард. Ӯ гуфт, ҳавлиро бо пули кори 10-сола дар муҳоҷират бунёд кард ва ягона сарпаноҳи хонаводаи 7 нафарааш буд. Хонааш дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Дӯстӣ ҷойгир аст. “Ду сол шуд зиндагӣ кардем, ки оби дарё омада шуст, тамом. Канда аз ин ҷо ба дигар ҷой бурдем. Шароит вазнин. 5 фарзанд дорам, ки ҳамааш талабаи мактабанд” - гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Туғёни Вахш дар 15 соли охир даҳҳо гектар замини кишт ва танҳо дар деҳаи Дӯстӣ 80 хонаро вайрон кардааст. Рухсораи Каримзод, зани танҳо аз ҳамсоядеҳаи Сари Ҳавз аст. Дар хона духтари маъюб ва модари пир дорад. Дарё то 10 метрии хонааш наздик омадааст. Бо кӯмаки хешовандон дуртар аз соҳил хона сохт, вале аз набуди шароит то ҳол дар ин макони хатарнок зиндагӣ дорад.

Ӯ мегӯяд: “Ба ман замин додаанд. Маблағ надорам, ки шиферу тахта харида хонаамро пӯшонида равам. Ҳаминҷо истодаем. Намедонам, имсол ҳоли мо чӣ мешавад? Худованд худаш медонад.”

Мақомот мегӯянд, ба чанд сокине, ки хонаҳояшон зери хатаранд, аз дигар ҷой замин ва кӯмакпулӣ додаанд. Шариф Сафарзода, муовини раиси ноҳияи Кушониён гуфт: “Ба қисме аз он шаҳрвандон ҷой додаанд. Қисме аз онҳо дар хонаҳои худ истодаанд. Як бори дигар рафта мепурсем. Агар хеле зарурат надошта бошанд мо барои таъмини ҷой мушкил надорем.”

Солҳои пеш бо кӯмаки давлат ва нерӯи сокинон соҳили дарёро мустаҳкам мекарданд, ки об нашӯяду набарад. Сокинон мегӯянд, солҳои ахир ба сабаби бетаваҷӯҳии мақомот, соҳилбандӣ нашуд ва рӯди Вахш қисме аз хонаҳоро вайрон кард ва қабристони деҳаро шуста бурд.

Сайдмурод Одинаев, сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Кушониён: “Зиёда аз 25-30 метри қабристонро об шуста бурдааст. Аз қабати қабристон заминҳои президентӣ, ки ба сокинони деҳаи Дӯстӣ дода буданд, шуста бурд. То ҳол чораи ҳамин заминҳоро надидаанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Намедонам, имсол ҳоли мо чӣ мешавад?"

Шарбат Худойдодов, сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Кушониён мегӯяд, рӯдхона на танҳо ба хонаҳо таҳдид мекунад, балки ба зиндагии кӯдакон, ки бехабар аз хатар дар назди он бозӣ мекунанд. “Тобистон моҳҳои июн-июл обхезӣ зиёд мешавад. Як моҳ давом мекунад, барои кӯдакон, ки дар назди дарё гашту гузор мекунанд, хатарнок аст” – мегӯяд ӯ.

Дар ин деҳаи назди соҳил тақрибан 1400 нафар зиндагӣ мекунад. Дар фасли баҳору тобистон, ки сатҳи об боло меравад, хатари шуста шудани хонаҳо ҳам зиёд мешавад.

Абдулмӯъмин Шарипов, раиси маҳаллаи “Дӯстӣ”, бо ишора ба қисматҳое аз деҳа ба Радиои Озодӣ гуфт: “ Баъди хонаҳои истиқоматӣ масҷид, баъди масҷид бӯстонсаройи “автобаза”-ҳо буданд. Ҳамаи онҳо зери об монданд. Аз ин тараф ҳам кӯча буд, аз ин тараф ҳам 3 хона буд. Аз хонаи сеюм ҳамин як дарахт мондаасту халос.”

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят мегӯянд, аз хатари ин деҳа ҳамаи ниҳодҳо огоҳанд. Сулаймон Исозода, намояндаи кумита мегӯяд: “Дар ноҳияи Кушониён дар деҳоти Бохтариён, Сарипул ва Сари ҳавз ва дар ноҳияи Дӯстӣ дар деҳаи Пасиариқ соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҳашар шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода 5 мошини боркаш сафарбар намуд, зиёда аз сад мошин сангу шағал бурда, дар соҳил рехтанд ва хатарро бартараф карданд.”

Мисли ин деҳа дар вилояти Хатлон 400 ҷойи хатарноки дигар ҳаст. Бисёре аз онҳо ҳам аз омадани баҳор хурсанд мешаванд, вале айни замон метарсанд, ки мабодо Вахш ба самти хонаҳои онҳо ҳаракат кунад.