Тарси "коронавирус" ва "сарбозшикор". Кадоме сахттар?

Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик, ки бо хуруҷи вируси хатарноки "корона" дар Чин аз он кишвар ба Тоҷикистон баргаштаанд, дар ташвишанд, ки дар ватан онҳоро ба сафи артиш ҷалб мекунанд. Мақомоти марбутаи Тоҷикистон мегӯянд, ин ҳолат пеш нахоҳад омад. Ҷавонон мавридҳои гузаштаи "сарбозшикор"-ро мисол меоранд.

Cанҷар Афғонов, донишҷӯи курси 3-юми Донишкадаи Чангжоуи Чин, гуфт, якуми феврал бо гурӯҳе аз донишҷӯёни дигари тоҷик аз Чин ба Тоҷикистон баргашт ва пас аз 14 рӯзи ҳолати карантинӣ рухсат шудаанд. Мудирияти донишкадаи Чангжоу ба онҳо ҳуҷҷати махсус додааст, ки набояд дар Тоҷикистон ба артиш ҷалб шаванд.

"Вале намедонем ин ҳуҷҷат то куҷо ба назар гирифта мешавад. Баъзе аз шиносҳо гуфтанд, ки мумкин ба хидмат баранд ва мо низ хавотир шудем. Агар бурданӣ бошанд, бо вуҷуди хатари вирус маҷбурем, боз баргардем, зеро намехоҳем аз таҳсил дур монем. Мисли ман донишҷӯёни зиёде ҳастанд, ки дар ташвишанд", -- гуфт ӯ.

Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки то охири сол бояд дипломи худро гирад ва бо роҳхати донишкада ду соли дигар таҳсилро дар донишгоҳи дигари шаҳри Чангжоу идома диҳад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чилу шаш донишҷӯи тоҷикро аз Чин баргардонданд

Дар Тоҷикистон дар ду давра ҷавононро ба артиш даъват мекунанд. Ҳамасола аз ҷалби иҷбории ҷавонон, мавсум ба "сарбозшикор" ва ҳам латту кӯб шудани онҳо дар артиш хабарҳо нашр мешавад, вале мақомот аксари ин ҳолатҳоро рад мекунанд.

Cанҷар ягона донишҷӯе нест, ки аз эҳтимоли ҷалб шуданаш ба хидмати ҳарбӣ нигарон аст.

Сӯҳробҷон Аминҷонов низ аз Чин баргаштааст, ки ҳоло дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарист. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин беморхона беш аз 20 донишҷӯи баргашта аз Чин зери назорати табибонанд.

Сӯҳробҷон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хондааст, ки онҳоро низ дар даъвати навбатӣ ба артиш ҷалб мекунанд. Ӯ изҳори умед намуд, ки масъулон вазъи онҳоро дарк намуда, аз ҷалбашон ба хидмати ҳарбӣ худдорӣ мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Сарбозшикор" – роҳи асосии ҷалби ҷавонон ба артиши Тоҷикистон? ВИДЕО

Сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Эҳсони Хушбахт, рӯзи 21-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ба артиш ҷалб намудани донишҷӯёни бозгашта аз Чин, мисли донишҷӯёне, ки дар кишвар таҳсил мекунанд, мумкин нест.

Ориф Нозимов, раҳбари дафтари матбуотии Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, донишҷӯёни тоҷик, ки аз Чин баргаштаанд, ба хидмати ҳарбӣ даъват нахоҳанд шуд.

Дар Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтанд, нисбат ба тақдири донишҷӯёни баргашта аз Чин бетараф нестанд. Дар ин ниҳод гуфтанд, дар сурати ба дарозо кашидани хуруҷи вируси чинӣ, масъалаи идомаи таҳсили онҳоро дар кишвар ба миён мегузоранд. “Идома додани таҳсили донишҷёни баргашта дар донишгоҳҳои кишвар, ба хоҳиши худи онҳо низ бастагӣ дорад”, -- гуфтанд дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Бино ба омори расмӣ, дар Чин зиёда аз 3000 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекардаанд. Аксари онҳо дар таътили зимистона ба ватан баргаштаанд ва алҳол ба иллати паҳн шудани вируси корона ба Чин рафта наметавонанд. 11-уми феврал мақомот 46 донишҷӯи дигарро, баъд аз интизориҳо аз шаҳри Вуҳани Чин -- маркази пайдоиши вируси нав -- ба ватан баргардонданд. Ҳоло ин донишҷӯён дар осоишгоҳи "Харангон" давраи карантинро сипарӣ мекунанд. Аммо 7 нафари дигар ҳанӯз дар Вуҳани Чин ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомот, бино ба доштани таби баланд, онҳоро аз сафар ба Тоҷикистон бозпас гардониданд.

Коронавирус дар оғоз дар шаҳри Вуҳани Чин сабт шуд ва ба як бӯҳрони ҷиддии тандурустӣ дар саросари ҷаҳон табдил ёфт ва ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ҳамсояҳои Чин низ сироят кард.

Тибқи иттилои ахир дар Чин шумораи гирифторони коронавирус ба тақрибан ҳаштод ҳазор нафар расида, беш 2 ҳазор кас ҷон бохтаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!