Узбекистон эълон кард, ки нақша дорад Facebook, Google ва барномаи ҷустуҷӯгари русии Yandex-ро вазифадор кунад, ки маълумоти хусусии корбарони ин барномаҳои интернетӣ дар қаламрави Узбекистонро ошкор кунанд. Ин қонун монанд ба онест, ки соли 2014 дар Русия аз ҷониби ширкати мухобиротии давлатӣ анҷом шуд. Ин муассиса аз ширкатҳо тақозо намуд, ки иттилои хусусии шаҳрвандон дар қаламрави Русияро дар ихтиёри онҳо гузоранд.
Муовини вазири рушди фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобирот Олимҷон Умаров рӯзи 20 феврал гуфт, ки “дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҷаҳонӣ” қарор аст “маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳҳои серверӣ ва хадамот” ошкор шавад. Умаров иддао кард, ки дар Узбекистон ҷойгир кардани серверҳо суръати интернетро “то 10 баробар” афзоиш медиҳад. Вале мунаққидон мегӯянд, ки чунин қонунҳо дар асл назорат аз болои корбарон ва маводи нашршавандаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро афзоиш медиҳад. Соли 2015 ширкати Google бархе серверҳои худро мутобиқ ба қонунгузории Русия ба ин кишвар интиқол дод. Вале бисёр дигар ширкатҳои интернетии ҷаҳонӣ бо чунин қонунҳо розӣ нестанд. 13 феврал додгоҳе дар Маскав ширкатҳои Twitter ва Facebook-ро барои он ки интиқоли серверҳоро ба Русия рад карданд, ҳар якро дар ҳаҷми беш аз 60 ҳазор долларӣ ҷарима бастанд.