Раиси додгоҳи шаҳри Истаравшан Содиқҷон Ваҳҳобзода бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ба ҳалокат расидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодиса шаби гузашта дар наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, худраве, ки раиси Додгоҳи Истаравшан савори он буд, бо "Дулан"-и канори роҳ бархӯрдааст. Бар асари ин ҳодиса ду нафар ҳалок ва ду тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони Истаравшан бистарӣ шудаанд.
Содиқҷон Ваҳҳобзода декабри соли 2017 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов озод ва раиси додгоҳи шаҳри Истаравшан таъйин шуда буд.