Муфаттишони олмонӣ: куштори ҷамъӣ "ангезаҳои нажодпарастона" дошт

Маҳалли куштори шаби 19 ба 20 феврал

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, далелҳо ба он ишора мекунад, ки омили ташкили куштори ҷамъии шабонгоҳӣ як шахси “заҳролудшуда” бо афкори нажодпарастона будааст. Зимни суханронӣ дар Берлин рӯзи 20 феврал, ки чанд соат баъди тирпаронӣ дар шаҳраки Ҳанауи Олмон сурат гирифт, Меркел гуфт, ки ҳукумат бо тамоми нирӯ бар зидди онҳое мубориза мебарад, ки дар фикри ҷудоиандозӣ дар Олмон мебошанд.

Ӯ гуфт:

“Ҳукумати Олмон ва ҳама дигар сохторҳои давлатӣ аз ҳуқуқ ва шарафи ҳар як инсон дар ин кишвар ҳимоят мекунад. Мо инсонҳоро бар асоси миллат ё дин ҷудо намекунем. Мо бар зидди онҳое, ки дар талоши ҷудоиандозӣ дар Олмон ҳастанд, бо қотеияти тамом мубориза мебарем”

Изҳороти Меркел баъди он садо дод, ки муфаттишон гуфтанд, куштори дасти кам 10 нафар дар ду ҳодисаи шаби гузашта ҳамчун “ҳамлаи террористӣ”-и дорои хусусиятҳои “бегонаситезӣ” таҳқиқ мешавад. Полис гуфт, ки нафари гумонбар дар тирандозӣ дар як чилимхона ва ҳам қаҳваҳонаро дар хонааш мурда пайдо карданд.

Оҷонсии Ассошиэйтед Пресс дар нақли қавл аз мақомоти амниятии Олмон гуфт, ки ҳамлагар ҷонибдори ақидаҳои “ростгароҳои ашадӣ” буд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 20 феврал дар Истамбул гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо шаҳрвандони Туркия ҳам буданд. Сухангӯ Иброҳим Калин гуфт, ки Анкара интизори ин аст, ки Олмон барои ошкор кардани ин ҷиноят ҳадди аксар талош хоҳад кард. Матбуоти маҳаллӣ гуфт, ки шаби 19 феврал дасти кам як нафар ба сӯи муштариёни як чилимхона ва ҳам қаҳвахонаи Ҳанау оташ кушод.

Полис дар изҳороти рӯзи 20 февралаш гуфт, ки ин ҳодиса соатҳои 10 шаб рух дод ва дар миёни нафарони кушташуда инчунин чандин тан захмӣ шуданд.

Нашрияи Bild навишт, ки ҳамлагар ба сӯи муштариёни яке аз ин муассисаҳо ба таври бетафовут тирандозӣ карда баъдан ба сӯи раҳгузарони атроф ҳам оташ кушод.

Полис гуфт, ки баъди ин ҳамлагар савори мошин аз ҷои ҳодиса фирор аст, вале соатҳои субҳи 20 феврал дар хонааш ҷасади ӯ ошкор шуд. Дар ин суроға, ба гуфтаи полис, як ҷасади дигар ҳам пайдо шуд.