Вазъи сиҳатии Отамбоев дар боздоштгоҳ бад шудааст

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон.

Замир Жоошев, вакили дифои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мегӯяд, вазъи сиҳатии шахси зери ҳимояи ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии ин кишвар бад шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Отамбоев дар вохӯрии 18 феврал аз поин рафтани фишораш шикоят кардааст. "Ӯ шикоят кард, ки фишораш то 76/60 поин рафтааст. Ин нишондод ҳафтаи гузашта 90/60 буд. Табибон ҳар рӯз фишори ӯро санҷида, ба мо хабар медоданд. Вале вақтҳои ахир аз мо пинҳон медоранд",-изҳор дошт Жоошев.

Вакили дифои Отамбоев гуфт, табибони мустақил гуфтаанд, ин гуна поинравии фишор сактаи мағзӣ, қалбӣ ё оқибатҳои ғайричашмдошти дигареро дар пай хоҳад дошт.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

7-8 август дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.