Президенти ИМА Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки агар бунёдгузори WikiLeaks Ҷулиан Ассанж гӯяд, Русия дар ҳамла ба компютерҳои Ҳизби демократи Амрико дар давраи интихоботи президентии соли 2016 даст надорад, ӯро афв хоҳад кард. Дар ин бора расонаҳои Бритониё бо истинод ба вакили дифои Ассанж дар додгоҳи Лондон хабар доданд.
Пештар дар тафтишоти ба раҳбарии додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер гуфта шуд, ки дар ҳамла ба компютерҳои Ҳизби демократ ҳакерҳои рус даст доранд. Онҳо гӯё мехостанд, эътибори рақиби демократи Трамп - Ҳилларӣ Клинтонро поин баранд ва пирӯзии Доналд Трампро таъмин созанд. Москва ин иддаоро рад мекунад.
Расонаҳо изҳороти Трампро пеш аз баррасӣ шудани масъалаи истирдоди Ассанж аз Бритониё ба ИМА дар додгоҳ нашр карданд. Вакилони дифоъ исрор доранд, ки Ассанж набояд ба Амрико истирдод шавад, зеро парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Амрикоиҳо ӯро ба дарёфт ва нашри ғайриқонунии садҳо ҳазор санади махфӣ айбдор мекунанд ва ба вай то 175 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳимоятгарони Ассанж гуфтанд, Трамп пешниҳоди худро ба воситаи конгрессмени пешини ҷумҳурихоҳ Дана Рорабахер ба ӯ расондааст. Интизор меравад, Рорабахер рӯзҳои наздик бо бундёгузори WikiLeaks дар зиндони Лондон вохӯрад.
Ассанж аз августи соли 2012 аз тарси ин ки боздошт ва ба Шветсия истирдод мешавад, дар дохили сафорати Эквадор зиндагӣ мекард. Мақомоти Эквадор моҳи апрели соли гузашта ҳаққи паноҳандагии Ассанжро бекор карда, вайро ба мақомоти Бритониё супурданд. Ҳоло ӯро барои нақзи қоидаҳои раҳоӣ бар ивази гаравпулӣ 50 ҳафта ба ҳабс гирифтанд. Ҳамчунин масъалаи истирдодаш ба ИМА баррасӣ мешавад. Шветсия низ қасд дорад истирдоди Ассанжро талаб кунад.