Як шаҳрванди Мексика дар Амрико бо гумони кор барои як узви ҳукумати Русия дар амри пайгирии мошини як “манбаи ҳукумати амрикоӣ” дар минтақаи Майамии аёлати Флорида ва иттилоърасонӣ дар бораи макони будубоши ӯ дастгир шуд. Дар изҳороти вазорати адлияи Амрико рӯзи 18 феврал дар бораи боздошти Ҳектор Алеҳандро Кабрера Фуентес хабар дода шуд, вале дар изҳорот ин чиз шарҳ дода нашудааст, ки чаро як узви ҳукумати Русия мехост дар бораи макони будубоши мошини як манбаъ, аз ҷумла рақами мошини ӯ хабар дошта бошад. Дар изҳорот манбаи ҳукумати Амрико фош намешавад. Бовар меравад, ки Фуентес соли 2019 барои ҳамкорӣ ҷалб шуда, ду дафъа ба Маскав, аз ҷумла бори охир барои мулоқот бо як мақом аз вазорати адлия парвоз карда буд. Шаҳрванди Мексика супориш дода шуд, ки бо номи каси дигар як мошинро дар Майами иҷора гирад ва қарор буд моҳҳои апрел ё май мақоми русро дар бораи макони сафару ҳаракати мошин бохабар кунад. Ӯву ҳамсараш рӯзи 14 феврал ҳангоме мавриди шубҳа қарор гирифтанд, ки мехостанд ба макони иҷораи мошин ворид шуда наздик ба мошини дигар ҳаракат мекарданд. Яке аз онҳо баъдан акси мошини манбаъро гирифту Хадамоти марзбонии Амрико баъдан далели инро дар телефони марди гумонбаршуда ҳам пайдо кард.