Нигаронии САҲА аз афзоиши низоъҳо дар шарқи Украина

Владимир Зеленский моҳи маи соли 2019 ба унвони президенти Украина ба фаъолият шурӯъ кард

Ду мақоми баландпояи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо аз афзоиши низоъҳо дар шарқи Украина дар ин охирҳо изҳори нигаронӣ карданд. Эди Рама, яке аз раҳбарон ва Томас Гремингер - дабири кулли САҲА гуфтанд, ки аз дарёфти хабарҳо дар бораи талафот дар шарқи Украина афсӯс мехӯранд ва бар пояи тавофуқи моҳи декабри Париж ҳама ҷонибҳоро “ба хештандорӣ ва эҳтироми созиш” даъват карданд. Рама гуфт, “ҳодисаи ахир ягона нест”. Ба навиштаи ӯ, “бар хилофи созишҳои ду моҳ пеш дар Париж ҳосилшуда, ҳар рӯз оташбас нақз мешавад”. Украиниҳову ҷудоиталабони рӯ ба Русия рӯзи 18 феврал дар робита бо низоъҳои ахир дар шарқи Украина ҳамдигарро гунаҳгор карданд. Аз замони сари кор омадани президент Владимир Зеленский, ин пуршиддаттарин низоъҳо дар шарқи Украина арзёбӣ мешавад.