Марзбонони Узбекистон дар наздикии вилояти Ботканд 13 шаҳрванди Қирғизистонро боздошт карданд. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, ки сокинони деҳаи Чекелик дар водии Фарғона рӯзи 19 феврал ба ҳангоме боздошт шуданд, ки “ногаҳон вориди хоки Узбекистон шуданд”. Намояндагии Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар вилояти Ботканд гуфт, ки “ҳуввияти шаҳрвандони Қирғизистон, ки аз ҷониби марзбонони узбек боздошт шуданд, мушаххас шуда, музокирот барои озод кардани онҳо ҷараён дорад”.
Водии Фарғона дар ҳудуди се кишвари ба ҳам ҳамсояи Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст ва як мушкили баъди пошхӯрии Шӯравӣ дар соли 1991 ин номуайн будани хатҳои марз дар миёни кишварҳо мебошад. Бисёр қаламравҳои баҳсӣ дар макони зисти аҳолии зиёд ҷойгир мебошанд.
Қисмати марзии наздики деҳаи Чекелик баҳсӣ нест, вале як макони убуру мурури бисёр сокинони маҳаллӣ ба шумор меравад.
Моҳи гузашта баъди он ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як моҷарои миёни сокинони ду кишвар бархост, мақомоти Қирғизистон беш аз 250 сокини деҳоти вилояти Боткандро ба макони дарунтар ба кишвар интиқол доданд. Дар моҷарои марзии декабри соли гузашта ҳам ҳудудан даҳ нафар аз сокинони Тоҷикистону Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд ва дар хушунатҳои марзии моҳи сентябри порсол чор нафар кушта шуд.