Украина барнома дорад, ки рӯзи 18-уми феврал ба Чин ҳавопаймо фиристад ва 49 шаҳрванди худ ва 25 шаҳрванди хориҷиро кӯчонад. Пекин аз 1886 ҳолати нави гирифтор шудани одамон ба коронавирус ва марги 98 каси дигар гузориш дод. Шумораи фавтидагон дар Чин дар умум тақрибан ба 1900 ва шумораи тасдиқшудаҳо ба 72500 расидааст.
Вазири тандурустии Украина Виктор Ляшко рӯзи 17-уми феврал дар Киев эълон кард, ки мусофирон аз шаҳри Вуҳан дар вилояти Ҳубей оварда мешаванд. Ляшко гуфт, танҳо шахсони вируси COVID-2019 надошта ба ҳавопаймо роҳ дода мешаванд ва пас аз расидан ба Киев, 19-уми феврал онҳо ба муддати 14 рӯз карантин карда мешаванд.
Вазири нигаҳдории тандурустӣ гуфт: “Воҳима кардан даркор нест, чун мо танҳо одамони тандурустро ба Украина меорем”. Сафорати Украина дар Чин бори аввал 11 феврал аз кӯчондани шаҳрвандонаш хабар дода буд ва он дар давоми ҳафт рӯзи охир бори дувум аст, ки ба дигар вақт гузошта мешавад.
Ляшко гуфт, барои кӯчонидани 25 мусофири украинӣ, ки дар киштиии Diamond Princess дар бандари Ҷопон дар карантин ҳастанд, ҳеч гуна барномае надорем.