Ба блогери тоҷик барои саҳнаи шӯхиомези коронавирус то 7 сол зиндон таҳдид мекунад

Кароматулло Ҷабборов, блогери тоҷик дар Русия.

Иттиҳом нисбат ба Кароматулло Ҷабборов, шаҳрванди Тоҷикистон ва ширкаткунанда дар саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав вазнинтар шудааст.

Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС рӯзи 17-уми феврал бо такя ба вакили мудофеи шаҳрванди Тоҷикистон Роман Шахматов хабар додааст.

"Иттиҳом нисбат ба ӯ аз қисми яки моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия ба қисми дувуми ҳамин модда иваз карда шуд. Ҳамакнун ӯро на танҳо ба авбошӣ, балки ба авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ айбдор мекунанд. Ин амр ба хотири он сурат гирифтааст, ки дар ин амал (вакилони дифоъ мутмаинанд, ки ин ҳодиса ҷиноят не, балки як ҳодисаи хурд аст) чанд нафар ширкат кардаанд", -- афзуд вакили дифоъ.

Ба гуфтаи вай, бар асоси ин иттиҳом, ба зерҳимояаш то 7 соли зиндон таҳдид мкунад

Қаблан Додгоҳи ноҳияи Черемушки ин блогери тоҷикро барои сабти "пранк" ваё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав ҳабс кард. Ин шаҳрванди Тоҷикистон он замон танҳо ба авбошӣ муттаҳам шуда буд.

Ӯ то 8-уми март дар боздошт мемонад. Ӯро рӯзи 8-уми феврал дастгир кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, Ҷабборов дар додгоҳ иттиҳоми авбоширо напазируфта, худро бегуноҳ шумурдааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия пас аз ҳодисаи саҳнаи шӯхиомез гуфт, сабти "пранк" рӯзи 2-юми феврал дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи "Полежаевская" ба тарафи "Улица 1905 года" ҳаракат дошт, сурат гирифтааст.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст. Сабти ин лаҳзаро дар Интернет гузоштаанд.

Коронавирус дар Чин то кунун беш аз 1800 нафарро кушта ва ҳазорҳо каси дигарро гирифтор кардааст.