Ҳуқуқшиноси чинӣ баъди талаби истеъфои Сӣ Ҷинпин боздошт шуд

Ҳомии ҳуқуқ дар Чин Сюй Чжио барои интиқод аз сиёсатҳои ҳукумат боздошт шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи Чин мегӯянд, ҳуқуқшинос ва фаъоли маданӣ Сюй Чжиюн, ки истеъфои президенти ин кишвар Сӣ Ҷинпинро талаб карда буд, боздошт шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, боздошти фаъоли маданӣ гоми навбатии мақомоти Чин барои маҳдуд кардани озодии баён ва талоши назорати иттилоъ дар бораи паҳншавии коронавирус аст.

Чжиюн, ки ташаббускои маъракаи иҷтимоии "Ҳаракати шаҳрвандони нав" аст, дар хонаи ҳамкасбаш - Ян Бин дар вилояти Гуанжоу дастгир шудааст.

Ҳамсар ва писари соҳибхонаро низ барои "кумак кардан" дар пинҳоншавии Чжиюн боздошт кардаанд. Вале рӯзи якшанбе онҳо дубора озод шуданд. Ба иттилои "Садои Амрико", пулис қазияро ба рӯзноманигорон шарҳ надодааст.

Сюй Чжиюн аз моҳи декабри соли гузашта, пас аз он ки пулис ҷустуҷӯи иштирокдорони ҷаласаи махфиеро дар шаҳри Сямин оғоз кард, пинҳон мешуд. Дар он чорабинӣ ҳудуди 20 фаъоли маданӣ ва ҳомии ҳуқуқ иштирок карда буданд.

Чжиюн моҳи феврали соли равон бо нашри як навишта раҳбари Чинро интиқод карда, гуфт, ӯ аз уҳдаи ҳалли мушкилиҳои мавҷуда, аз қабили паҳни коронавирус ва эътирозҳо дар Ҳонгконг намебарояд.

Чжиюн пештар барои маъракаи ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони дохилӣ ва талоши ифшои дороии мансабдорон чор сол зиндонӣ шуда буд.