Як мақоми баландпояи нирӯҳои марзбонии Қирғизистон ба суханони генерал Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар бораи мақоми Бодканд вокуниш кард.
Абдукарим Олимбоев, сардори ситод ва муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, "Бодканд ҳеч гоҳ аз тоҷикон набуд ва нахоҳад шуд. Бодканд аз аввал замини қирғизҳо буд ва аз қадим боз мардуми қирғиз дар онҷо зиндагӣ мекунанд".
Вилояти Бодканд бо ноҳияи Исфара ҳаммарз аст ва аксар муноқишаҳои марзӣ байни сокинони ду минтақа рӯй медиҳад.
Бино ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, Абдулло Навҷувонов дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми феврал дар Хуҷанд ба масъалаи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл карда ва гуфтааст: "Агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".
Абудкарим Олимбоев дар вокуниш ба ин изҳорот гуфтааст, "ман ҳам метавонам изҳор дорам, ки ҳудуди Ворух ва Чоркӯҳ пурра ба Қирғизистон рабт дорад. Аммо бояд фаҳмем, ки масъалаи қаламрав – масъалаи бисёр нозуку ҳассос аст. Ҳалли ин масъала ба тақдири ҳазорон мардуме, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, рабт мегирад."
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо норизоиятӣ аз суханони генерали тоҷик рӯзи 14-уми феврал сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба ин ниҳод даъват кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умевдоранд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.
Тоҷикистон ҳанӯз ба ин мавзуъ вокуниш накардааст.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.
Муайян набудани хатти марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар ва бахусус байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шудааст.