Дар Руминия як гурӯҳ наврасонро ба ҳайси ғулом истифода кардаанд

Парчами Руминия

Додситони кулли Руминия 12 нафар, аз ҷумла як зан ва шавҳари олмониашро муттаҳам кард, ки аз наврасон ба ҳайси барда ё ғулом истифода кардаанд.

Ба гуфтаи додситон, ин афрод дар солҳои 2014-2019 як гуруҳ аз наврасони аз 12 то 18-соларо ба таври қочоқӣ ба як маркази тарбиявӣ бурда, дар онҷо шиканҷа кардаанд.

Ин маркази таълиму тарбияи кӯдакон дар шимоли Руминия бо кумаки ҳукумати Олмон сохта шудааст.

Мақомот баъд аз ҳашти моҳи таҳқиқот кормандони ин марказро ба дуздии кӯдакон ва маҳрум кардани онҳо аз озодӣ ва пулшӯйӣ муттаҳам карда, парвандаашонро барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд.