Афви Байналмилал аз Э.Раҳмон раҳоии фаврии Далер Шарифовро хост

Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик.

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) бо фиристодани номае ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостори озодии фаврӣ ва бе қайду шарти рӯзноманигор Далер Шарифов шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Далер Шарифовро рӯзи 28-уми январ дастгир карданд. Ӯ ба "барангехтани кинаву адовати динӣ" муттаҳам аст ва ҳоло барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

Вакили дифоъ ва наздикони Далер Шарифов ҳама иттиҳомотро нисбат ба ӯ рад мекунанд.

Дар номаи созмони Афви Байналмилал ба Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 13-уми феврал нашр шуд, гуфта мешавад, "Далер Шарифов ҳеч ҷинояте содир накардааст ва танҳо тавассути навиштаҳои интиқодиаш, аз ҳаққи озодии баён истифода кардааст".

Дар нома гуфта шудааст, ки иттиҳоми "барангехтани кинаву адовати динӣ" нисбат ба Далер Шарифов бекор ва ӯ бояд фавран ва бидуни ҳеч шарт раҳо карда шавад.

Созмони Афви Байналмилал айни замон аз он нигаронӣ кардааст, ки ин рӯзноманигор метавонад дар боздоштгоҳ зери шиканҷа қарор гирад. Ин созмон аз президенти Тоҷикистон хостааст, ҷиҳати дастрасии вакили муддофеъ ба Далер Шарифов чора биандешад.

Аз ин қабл шуморе аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва ҳомии рӯзноманигорон аз Тоҷикистон хоста буданд, ки рӯзноманигорро раҳо кунад. Аз ҷумла, Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки рӯзи 11-уми феврал бо нашри баёнияи муштарак аз мақомот хостанд, кафолат бидиҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк низ рӯзи 6-уми феврал бо нашри изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хост, рӯзноманигор Далер Шарифовро бе таъхир раҳо карда, иттиҳомоти ба зидди ӯро бекор намоянд. Созмон ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хост, ба Далер Шарифов иҷоза диҳанд, ки бидуни ҳеч гуна мамониат ба фаъолияти худ идома диҳад.

Дар аввали моҳи ҷорӣ ҳашт созмони хабарнигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, даҳҳо журналист ва низ масъули бахши озодии матбуотии САҲА озодии Далер Шарифовро талаб карда буданд.

Далер Шарифов 32-сола аст ва қаблан дар телевизиони "Сафина" ва ҳафтаномаи "Озодагон" кор кардааст.