ВКД аз ҳукумат хост, муҳлати сабти симкортҳоро тамдид кунад

Мардум дар дафтари яке аз ширкатҳои мобилӣ барои сабти симкортҳо саф кашидаанд. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки муҳлати иваз кардани шиноснома барои сабти номи симкортҳо тамдид карда шавад. Муҳлати ивази шиносномаҳои куҳна ба шиносномаи соли 2014 ба хотири сабти ном симкорт рӯзи 15-уми феврал ба анҷом мерасад. Бархе ширкатҳои мобилӣ ҳушдор додаанд, ки дар сурати то ин сана сабти ном накардани симкорт бо шиносномаи нав, симкортҳо хомуш карда мешаванд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз ҳукумат дархост карданд, ки муҳлати иваз кардани шиносномаҳоро тамдид кунанд ва ин дархост феълан дар баррасии дастгоҳи иҷроияи президент аст.

Масъулини Хадамоти шиносномадиҳӣ низ гуфтанд, тибқи маълумоти расмӣ, феълан дар кишвар 3,5 миллион симкортҳое ҳастанд, ки бо шиносномаи куҳна сабти ном шудаанд. Аммо мақомот дар соли гузашта танҳо беш аз 1,2 миллион шиносномаро иваз кардаанд.

Тасмими бо шиносномаи нав сабти ном кардани симкортҳо моҳи феврали соли гузашта бар асоси як қарори ҳукумат шуруъ шуд. Ин тасмим аз оғоз интиқодҳои зиёдеро ба думбол дошт.

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам дар охири моҳи январ гуфтанд, дар сурати то 15-уми феврали имсол сабтином накардан бо шиносномаҳои нав ё пластикӣ, мумкин аст, фаъолияти ин симкортҳо қатъ шавад. Сокинон мегӯянд, иваз кардани симкорту шиноснома пулу фурсат мехоҳад ва на ҳама ин имконро дорад.

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, бояд ҳамаи симкортҳо дар Тоҷикистон бо шиносномаи нав ё пластикӣ сабтином шаванд. Ин тасмим дар соли гузашта анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва интиқодҳои зиёдеро дар пай дошт.

Соли гузашта бархе аз сокинон барои гирифтани шиносномаи нав ва сабти дубораи симкорт соату рӯзҳо дар пушти идораҳои шиносномадиҳӣ интизор мемонданд. Барои иваз кардани шиноснома 10 доллар ё наздики 100 сомонӣ зарур аст.