Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, танҳо бо пули буҷа идома додани сохтмони нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” ғайриимкон аст ва мақомот барои дарёфти маблағ бо созмонҳои молии ҷаҳонӣ музокирот доранд.
Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 13-уми феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳамасола аз буҷа беш аз 2,1 миллиард сомонӣ барои сохтмони “Роғун” ҷудо мешавад.
Қаҳҳорзода ҷузъиёти музокирот бо созмонҳои молии ҷаҳониро барои ҷалби маблағ барои “Роғун” шарҳ надод, аммо гуфт, “феълан ба фурӯш баровардани евронбонд ё коғазҳои қимматнок дар баррасӣ нест”.
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2017 барои сохтмони “Роғун” бо маблағи 500 миллион доллар евронбонд фурӯхт, ки ба гуфтаи мақомот маблағи он пурра харҷ шудааст.
Пеш аз ин, дар моҳи декабри соли 2019, Файзиддин Қаҳҳорзода гуфта буд, баъзе аз созмонҳои байналмилалии молӣ омода ҳастанд, дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун сармоягузорӣ кунанд. Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, мақомот дар ин бора аз "сохторҳои Бонки Исломӣ ва созмонҳои аврупоӣ" пешниҳодҳо гирифтаанд.
Ба иттилои Вазорати молия, имсол аз буҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) ҷудо шудааст. То ба ҳол ду агрегати нерӯгоҳи "Роғун" ба тавлиди барқ шуруъ кардааст ва бояд чаҳор чархаи дигар ба кор дарояд.