Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки Акрам Мадумаров бо фармони раисҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков муовини сарвазири ин кишвар таъйин шуд. Пештар аз ин, порлумони Қирғизистон номзадии Мадумаровро ба мақоми муовинии сарвазир таъйид карда буд.
Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев гуфт, вазифаи асосии муовини нави сарвазир ҳалли мушкилиҳои марзӣ аст ва салоҳияти марбут ба блоки қудратиҳо ба раҳбари девони вазирон хоҳад гузашт.
Муовини пешини сарвазири Қирғизистон Жениш Разоқов 11-уми феврал аз мақом барканор шуд. Ӯ сабаби истеъфояшро "оилавӣ" номид. Вай дар ҳукумат масоили амният ва марзиро раҳбарӣ мекард.
Акрам Мадумаров то ин дам намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд буд. Дар вазифаҳои ҳокими ноҳияи Қадамҷой (2013-2017), муовини аввали раиси дастгоҳи президент (2017) ва сардори Хадамоти давлатии кадрҳои Қирғизистон (2017-2019) кор кардааст.