Сабқати 241 довталаби курсии вакили порлумон дар Тоҷикистон

Бинои порлумони Тоҷикистон.

241 довталаб барои соҳиб шудан ба 63 курсии Маҷлиси Намояндагон -- палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон -- вориди сабқат шудаанд. Интихоботи порлумонӣ рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, дар оғоз 277 нафар номзадии худро ба воситаи рӯйхати ҳизбӣ ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ пешниҳод карда буданд, аммо санади 36 нафар тасдиқ нашуд.

Ба гуфтаи мақомот, дар санаду имзоҳои ҷамъовардаи ин афрод хато ёфтаанд. Дар миёни онҳо рӯзноманигори 35-солаи тоҷик Завқибек Саидаминӣ ҳам ҳаст, ки ба қавли мақомот баъзе имзоҳои ҷамъовардааш шубаҳанок будаанд, вале худи хабарнигор ба дурустии имзоҳо таъкид дорад.

Бархе аз номзадҳо мегӯянд, ба сабаби надоштани гаравпулӣ аз идомаи сабқат даст кашидаанд.

Носирҷон Салимӣ, узви Кумисюни марказии интихобот рӯзи 12-уми феврал ба хабаргузории расмии "Ховар" гуфтааст, дар маҷмуъ 65 нафар бар асоси рӯйхати ҳизбӣ, 77 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 98 нафар аз роҳи худпешбарӣ номзад шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ тақрибан панҷоҳ нафари онҳо зан ҳастанд.

Ҳоло таблиғоти пешазинтихоботии номзадҳо оғоз шудааст ва то охири моҳи феврал идома мекунад. Як рӯз пеш аз баргузории интихобот "рӯзи хомӯшӣ" аст ва бар асоси қонун таблиғи ҳизбҳо ва номзадҳо мамнуъ мебошад.

Қарор аст, интихоботи моҳи мартро садҳо нозири хориҷӣ назорат кунанд. То кунун нозирони кишвару созмонҳои ғарбӣ интихоботҳои Тоҷикистонро демократӣ эътироф накардаанд. Созмону кишварҳои пасошӯравӣ ба интихоботҳои гузашта баҳои баланд додаанд.

Интихоботи порлумонӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки баъзе аз сокинон вакилонро барои хомӯшӣ дар баробари мушкилоти сокинон ва додани имтиёз ба ширкатҳои мутааллиқ ба пайвандони мансабдорони баландпоя танқид мекунанд. Худи вакилон мегӯянд, хомӯш нестанд.

Тоҷикистон имсол интихоботи президентӣ ҳам баргузор хоҳад кард.