Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мақомот сокинони вилоятҳо ва навоҳиро, ки барои пайдо кардани кор ба пойтахт омадаанд, берун мекунанд.
"Рӯзҳои ахир мақомот ба муассисаҳои давлатӣ рафта, аз корфармоён талаб карданд, ки шаҳрвандони бе қайди зисти Ишқободро аз кор биронанд. Танҳо касоне, ки бо сокинони Ишқобод издивоҷ доранд, ҳаққи мондан дар шаҳрро соҳиб ҳастанд. Дар рӯзи душанбе аз чанд муассиса кормандони бе қайди зисти Ишқободро ронданд",-гуфт як сокини шаҳри Ишқобод.
Барои сокинони навоҳӣ ва вилоятҳои Туркманистон аз ҷои кор маҳрум шудан фоҷиа аст. Зеро аксари онҳо дар бахши сохтмон ва хоҷагии комуналӣ фаъолият мекунанд ва ягона ноновари хонаводаҳояшон ҳастанд.
Берун кардани шаҳрвандони бе қайди зист аз Ишқобод хосияти такрорӣ касб кардааст. Махсусан дар остонаи ҷашнҳо ва ё чорабиниҳои сатҳи давлатӣ берун кардани ғайриишқободиҳо ба такрор мушоҳида мешавад.