Шаҳрванди Қирғизистон ба гумони куштори пулиси рус 18 сол зиндонӣ шуд

Яке аз зиндонҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи шаҳри Москваи Русия шаҳрванди Қирғизистон Нурлан Муродовро, ки дар қатли корманди пулис айбдор мешуд, 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Вакили дифои шаҳрванди Қирғизистон Алексей Толстих пештар гуфта буд, ки гуноҳи шахси зери ҳимояаш дар додгоҳ исбот нашуд ва умедвор аст, ӯро озод мекунанд.

Ҷасади корманди 23-солаи пулис Андрей Райскийро моҳи сентябри соли 2018 дар истгоҳи метрои "Курский"-и шаҳри Москва пайдо карданд. Ӯ бо силоҳ кушта шуда буд. Дар робита ба куштори корманди пулис Муродови 42-сола боздошт шуд.

Гумонбар гуфт, он рӯз корманди пулис барои санҷиши ҳуҷҷатҳояш вайро боз дошт, вале вақте маъмури ҳифзи ҳуқуқ ба утоқи корияш баргашт ӯ садои тирро шунид.