Фармондеҳии мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки зидди президент Башор Асад меҷанганд, гуфт, дар вилояти Идлиб як чархболи артиши ин кишварро сарнагун сохтанд.
Чархболи Ми-8 дар ҷануби шаҳри Идлиб, минтақаи зери идораи мухолифони Асад суқут кардааст. Халабон ҷон бохта, дар дохили чархбол каси дигаре буд, ё не, маълум нест.
Бархе аз огоҳи умур мегӯянд, эҳтимол дорад, чархболро нерӯҳои Туркия сарнагун сохта бошанд, вале мухолифони Сурия мегӯянд, кори онҳост.
Бино ба хабарҳо, нерӯҳои Сурия ва Русия рӯзи сешанбе ҳамлаҳоеро ба шаҳри Идлиб анҷом доданд. Акси харобаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва чандин кас низ кушта шудааст.
Тайи рӯзҳои ахир дар Идлиби Сурия ҷангҳои сахте идома дорад. Намояндагони мухолифон мегӯянд, бо кӯмаки низомиёни турк ҳамлаҳои ҷавобиро зидди нерӯҳои ҳукуматӣ ва Русия оғоз кардаанд.
Туркия рӯзҳои ахир ҳузури низомии худро дар Идлиб - охирин мавзеи мухолифони Сурия дар ғарби Фурот афзоиш додааст. Нуқтаҳои назоратии Туркия борҳо мавриди ҳамлаи артиши Башор Асад қарор гирифтаанд.
Ахиран 6 низомии турк дар як ҳамла кушта шуданд. Низомиёни Туркия дар посух ба артиши Сурия ҳамла карданд. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон рӯзи сешанбе гуфт, "ҳалокати низомиёни турк барои Сурия гарон хоҳад афтид".