Дар идораи марказии ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон рӯзи 10-уми феврал сокинони минтақаҳои мухталифи он кишвар ҷамъ омада, гуруснашинӣ эълом карданд. Ба гуфтаи сокинон, додгоҳҳо қарори ноодилона содир кардаанд ва онҳо бозбинии парвандаҳоро талаб доранд.
Эътирозгарон дар даст шиорҳои "Гуруснашинӣ" доштанд ва ҳамзамон бархе аз онҳо дар ҷабинҳояшон низ ин шиорро баста буданд. Ҷамъомадагон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, далели эътирози онҳо "ҳукмҳои ноодилона"-и додгоҳҳо аст.
42 эътирозгар, ки аз шаҳрҳои Атирау, Актау, Павлодар, Кокшетау ва Алмато ба шаҳри Нурсултон рафтаанд, мушкилоти мухталиф доранд. Онҳо бо қарори додгоҳҳо аз манзил ва ё амволи дигар маҳрум шудаанд, сокинони дигарро додгоҳҳо ҷаримаҳои ҳангуфт бастаанд.
Шинибек Кушалиев, як сокини вилояти Атирау гуфт, намедонад, ки оё Додгоҳи олии Қазоқистон шикояти ӯро баррасӣ хоҳад кард, ё на. "Аммо гуруснашинӣ охирин талоши мо аст", - гуфт Кушалиев.
Айни ҳол хабар расид, ки наздики соати 2 шаб ҷамъшудагон идораи ҳизби "Нур Отан"-ро тарк кардаанд. Онҳо тасмим доранд, ки дар соатҳои наздик дубора ҷамъ шаванд ва мулоқот бо роҳбари дастгоҳи президент ва дигар мансабдоронро талаб кунанд.