Теъдоди ҳалокшудагон аз вируси нав аз 800 нафар гузашт

Акс аз киштие дар Ҷопон, ки мусофиронашро карантин кардаанд

Шумораи ҳалокшудагон аз коронавирус дар Чин аз 800 нафар гузаштааст.

Мақомоти Чин рӯзи 9 -уми феврал гуфтанд, ки дар вилояти Ҳубей 8-уми феврал 89 нафар фавтидааст.

Маркази вилояти Ҳубей шаҳри Вуҳон аст, ки онро макони пайдоши вируси нав меноманд.

Ба ин тартиб, то рӯзи 8-уми феврал дар Чин 811 нафар аз короновирус ҳалок шудааст.

Мақомоти Чин гуфтанд, ки беш аз ду ҳазор нафари дигарро ҳамчун бемор сабт кардаанд, ки аксарашон сокинони вилояти Ҳубей ҳастанд.

Шумораи умумии гирифторон ба бемории короновирус ба беш аз 37 ҳазор нафар расидааст.

Ин вируси марговар дар беш аз 20 кишвари дигари дунё, аз ҷумла Русия низ сабт шудааст.