Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки шумораи ҳалокшудагон дар бетартибиҳои ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбули Қазоқистон ба даҳ нафар расидааст.
Шаби 7-уми феврал дар марзи Қазоқистон бо Қирғизистон, дар деҳаи Масанч задухурди оммавӣ рӯх дод.
Ба гуфтаи мақомоти вилоят, дар муноқиша ҳудуди ҳазор нафар ширкат кардаанд, ки беш аз сад нафар захмӣ шудааст. Ширкатдорони муноқиша аз силоҳи оташфишон низ истифода кардаанд. Даҳҳо манзили зист, воситаҳои нақлиёт ва мағозаҳо оташ зада шудаанд.
Вазири иттилооти Қазоқистон гуфт, муноқиша ҷанбаи маишӣ дорад.
Аммо Вазорати умури дохилии ин кишвар вуҷуди низоъ байни миллатҳоро рад намекунад
Дар ин ноҳия ақалиятҳои дунган умр ба сар мебаранд. Аксари намояндагони ин мардум дар Чин зиндагӣ мекунанд. Онҳо мусалмонанд ва бо яке аз забонҳои гурӯҳи тибетӣ сӯҳбат мекунанд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар изҳороте ҳодисаро "занозании гуруҳӣ миёни сокинони маҳаллӣ" номид ва гуфт, вазъият зери назорати полис ва нирӯҳои Горди миллӣ аст.
Ӯ аз ҳукумат хост, ки барои ҳифзи субот дар ин деҳаҳо чора андешанд ва афзуд, "иғвогарон кӯшиш карданд аз ин вазъият сӯиистифода кунанд". Вале аз шахсу гуруҳи муайяне ном набурд.
Аҳолии Масанчи бар асоси нуфусшумории соли 2009 тақрибан 14 ҳазор нафар аст. Бахши асосии аҳолии деҳаро дунганҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд.