Дар шаҳри Прага кӯчаеро ба номи Борис Немтсов мегузоранд

Борис Немтсов

Борис Немтсов

Қарор аст, чорроҳаи рӯ ба рӯи бинои сафорати Русия дар шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чех, ба номи Борис Немтсов, сиёсатмадори кушташудаи рус номгузорӣ шавад.

Борис Немтсов аз мунтақидони сарсахти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия буд. Ӯро панҷ сол пеш, рӯзи 27-уми феврал, дар наздикии Кремлин дар Маскав куштанд.

Расонаҳои Чехия рӯзи 7-уми феврал хабар доданд, ки чаҳорроҳаи муқобили бинои сафорати Русия дар панҷумин солгарди қатли Нетмсов номгузорӣ хоҳад шуд.

Намояндагони аҳзоб дар Шӯрои шаҳри Прага аз ин тасмим пуштибонӣ кардаанд.

Вашингтон дар соли 2018 чаҳорроҳаи рӯ ба рӯи бинои сафорати Русияро дар ин шаҳр расман ба номи Борис Немтсов гузошт.