Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, бо талаби ин ниҳод, додгоҳ "Маркази фарҳангии Украина"-ро дар кишвар барҳам дод. Ба гуфтаи масъулини ин вазорат, "Маркази фарҳангии Украина" ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд амал мекард ва талаботҳои қонунгузории Тоҷикистонро иҷро накард. Вокуниши масъулини ҷамъият ба ин иддаои Вазорати адлия феълан маълум нест.
Муҳаммадбашир Раҳмонзода, як масъули Вазорати адлия рӯзи 7-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, "Маркази фарҳангии Украина" муддатҳои дароз уҳдадории худро иҷро накард. Аз ҷумла, ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонзода, ин ташкилот талаботи қонун дар бораи ҳамасола пешниҳод кардани ҳисобот ба Вазорати адлияро иҷро накардааст.
Ин мақоми Вазорати адлия афзуд, кормандони онҳо чанд маротиба ба назди масъулини ташкилоти "Маркази фарҳанги Украина" ҳозир шуда, ба он огоҳӣ доданд. Ба ин хотир, ба гуфтаи Муҳаммадбашир Раҳмонзода, бо қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ташкилоти ҷамъиятии "Маркази фарҳангии Украина" барҳам дода шуд.
Дар бораи "Маркази фарҳанги Украина" маълумоти зиёде дар даст нест. Масъулини Вазорати адлия мегӯянд, муассисони ин ташкилот шаҳрвандони Тоҷикистон буда, украинтабор мебошанд. Ба гуфтаи масъулини Вазорати адлия, феълан муассисони ин ташкилот дар хориҷа ҳастанд.