Додгоҳи Қазоқистон парвандаи шиканҷаи маҳбусонро дубора бозбинӣ мекунад

Додгоҳи Павлодар. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи вилояти Павлодари Қазоқистон 5-уми феврал бозбинии парвандаи шиканҷаи зиндониён дар маҳбаси "АП-162/3" дар соли 2016-ро оғоз кард.

Бозбинии парванда дар асоси қазияи марги қаҳрамони пешини чандкаратаи ҷудои Қазоқистон Бахитҷон Абдукаримови 44-сола дар маҳбас сурат мегирад. Бародари варзишкор Жандос Абдукаримов аз додгоҳ хост, банди парвандаи марги бародарашро аз "Расонидан ба худкушӣ" ба "Куштор" иваз кунад.

Мурофиаи дирӯз бо баромади Килишбой Муродбеков, падари яке аз маҳбусони дигари ҷонбохта Саин Муродбекови 27-сола ба поён расид. Падари Муродбеков аз додгоҳ хост, гумонбаронро бар асоси банди "Шиканҷа" 12 сол аз озодӣ маҳрум кунад. Ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки баррасии шикояти онҳо 5 моҳ ба таъхир гузошта шуд.

Жандос Абдукаримов аз шаҳри Нурсултон ва Килишбой Муродбеков аз шаҳри Алмато тавассути тамоси видеоӣ дар мурофиа иштирок карданд. Додситонӣ хост, ҳукми пешини додгоҳ дар робита ба ин қазия бетағйир гузошта шавад. Мурофиаи навбатӣ қарор аст, имрӯз баргузор гардад.

Додгоҳи шаҳри Павлодар 4-уми сентябри соли 2019 дар робита ба ин парвандаи баҳсбарангез 14 кас, аз ҷумла кормандони пешини маҳбуси мазкур ва зиндониёни собиқро аз 5 то 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар аввал дар доираи парвандаи мазкур 16 кас, аз ҷумла 10 корманди пешини маҳбас ба ҳайси гумонбар иштирок доштанд. Ду гумонбар - муовини пешини сардори маҳбас оид ба корҳои тарбиявӣ Виталий Гажало ва як масъули дигари маҳбас А. Подлипалин пеш аз поёни тафтишот даргузаштанд.