Бар асари садамаи ҳавопаймои Boeing-737-и мутааллиқ ба ширкати Pegasus дар фурудгоҳи Сабиҳаи Истанбул се нафар ҷон бохтаанд. Дар оғоз дар бораи фавтидагон гузориш нашуда буд.
Ҳавопаймо аз Измир ба Истанбул мерафт ва шаби 5-уми феврал ҳангоми фурудоӣ аз хатти парвоз берун шуда, ба садама дучор омад. Мақомоти Туркия гуфтанд, дар ҳавопаймо 177 мусофир ва 6 узви экипаж буданд ва аксари онҳо маҷруҳ шудаанд.
Вазорати тандурустии Туркия гуфт, вазъи ду сарнишин вазнин аст. Дар миёни мусофирон 22 хориҷӣ аз 12 кишвар будаанд.
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон тасдиқ кард, ки дар миёни маҷруҳон ду шаҳрванди ин кишвар низ ҳастанд.
Pegasus дувумин ширкати бузурги ҳавопаймоӣ дар Туркия аст.