Сардабири "Ахбор" ҳаққи озодии Муҳаммадюсуф Исмоиловро дод

Муҳаммадюсуф Исмоилов

Мирзои Салимпур, муассис ва сардабири сомонаи мустақили "Ахбор", қароргоҳаш дар Прага, 6 ҳазор сомонӣ (баробар ба беш аз 600 доллар) ҳаққи аз маҳбас ба колонияи низомаш сукунатӣ кӯчондани журналисти зиндонии тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоиловро пардохтааст.

Дар ин бора Мирзои Салимпур рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод. Манобеи ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ҳам ин иттилоъро дар суҳбат бо оҷонсии "Азия-Плюс" тасдиқ кардаанд.

Ба қавли манобеи "Азия-Плюс", ҳоло комиссия масъаларо баррасӣ карда, хулосаи худро барои муҳокима ба додситонии назорати зиндонҳо ва ба Додгоҳи шаҳри Хуҷанд мефиристад. Ин марҳила тақрибан ду моҳро дар бар мегирифтааст.

Мирзои Салимпур

Мирзои Салимпур гуфт, хост аз ин тариқ ба ҳампешаи зиндонии худ кумак кунад ва ҳадди ақал ӯро аз зиндони низомаш сангин ба маҳбаси низомаш сукунатӣ гузаронад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекунад.

Додгоҳ ӯро соли 2013, замоне ки ҳамкори ҳафтаномаи мустақили "Нигоҳ" буд, ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси қонуни афви соли гузашта як солу чаҳор моҳ ҳукми ӯро кам карданд.

Созмонҳои журналистӣ ҳукми ӯро ноодилона хонда, борҳо озодияшро талаб кардаанд. Онҳо мегӯянд, мақомот аз журналисте, ки ҳамвора аз камбудҳо дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба шиддат танқид мекард ва норасоиҳо дар ин гӯшаи дурафтодаро ба саҳифаҳои матбуот мекашид, халос шуданд.

Мақомот мегӯянд, ӯ ба қаллобӣ гунаҳкор аст.

Ин дуюмин мавриди ба зиндон афтодани журналист буд. Соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи "Ашт валангор мегардад" дар ҳаққи мақомоти маҳаллии ин ноҳия ва махсусан додситонии он, бо парвандаи "туҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ" боздошт карда, 11 моҳ дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ доштанд. Ин қазия ҳамла ба озодии баён унвон шуд ва бо талоши созмонҳои журналистӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ журналист озод гашт.