Вируси чинӣ боиси марги наздики 500 кас шуд

Комисияи миллии ҳифзи тандурустии Чин хабар дод, ки то 4-уми феврал аз вируси нав 490 кас ҷон бохта ва бештар аз 24 ҳазор кас ба он мубтало шудааст. 65 касе, ки дар як рӯзи охир аз вируси нав фавтид, сокинони вилояти Хубэй ҳастанд, ки ин вирус бори нахуст дар вилояти мазкур сар зад.

Ба миллионҳо сокини Чин дастур шудааст, ки манзилҳояшонро тарк накунанд. Дар қисмати бештаре аз Хубэй, ки 50 миллион аҳолӣ дорад, карантин эълом шудааст. Дар ҳамин ҳол, наздики 20 кишвари дигар аз мубталоии 175 одам ба вируси нав хабар доданд.

Авҷ гирифтани вируси нав дар Чин бархе аз кишварҳоро водор кард, ки равуо бо Чинро маҳдуд кунанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар робита ба густариши вируси чинӣ вазъи фавқулода эълом кард.

Ба эҳтимол зиёд, вируси нав дар моҳи декабри соли 2019 дар яке аз бозорҳои ҳайвоноти шаҳри Вуҳани вилояти Хубэй сар задааст.