Иттиҳоди Аврупо (ИА) нақшаи сулҳи пешниҳодии ИМА барои Ховари Миёнаро рад карда, гуфт, дар сурати зарурат нақшаҳои Исроилро барои ғасби минбаъдаи заминҳои Фаластин ба баҳс хоҳад кашид.
Намояндаи олии ИА дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррел ҷонибдории иттиҳодро аз "қарори таъсиси ду кишвар - Исроил ва давлати мустақил, демократӣ ва устувори Фаластин баён кард".
Ба иттилои "Садои Амрико", ҳарчанд нақшаи Трамп ташкили давлати Фаластинро пешбинӣ мекунад, вале тақрибан ҳамаи чизеро ба Исроил додааст, ки вақтҳои ахир ин кишвар талаб дорад. Сухан аз заминҳои ишғолии фаластиниён меравад, ки исроилиҳо сукунат доранд.
Жозеп Боррел гуфт, талошҳои Исроил барои ишғоли заминҳои фаластиниён бепосух нахоҳад монд. Ба гуфтаи ӯ, барои расидан ба сулҳ бояд хати марзи ду кишвар ва мақоми ниҳоии Байтулмуқаддас муайян карда шавад.
Дар Брюссел тасмими Трамп дар соли 2017-ро, ки Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард, сахт танқид карда, гуфтанд, он нақши миёнаравии ИМА-ро дар раванди сулҳ ба ҳам мезанад.