Прокурори ҳарбӣ, муовинони вазири дифоъ ва нерӯҳои марзбонӣ нав шуданд

Рӯзи 4-уми феврал дар шуморе аз ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазоратҳои дифоъ, маориф ва илм, рушди иқтисод, Нерӯҳои марзбонӣ ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Тибқи иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони президент, Абдусаттор Шоҳиён муовини вазири дифои Тоҷикистон таъйин гардид. Ӯ қаблан дар мақоми муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ кор мекард. Дар мақоми муовини вазири дифоъ ӯ ҷойгузини Асрор Латифзода шуд, ки муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ интихоб шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Ҳамчунин сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзода аз мақомаш барканор ва исми Икром Зоирзода барои додани ризоият ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод шудааст. Сафаралӣ Мирзода муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ таъйин гардидааст.

Ҳамин тавр, бо қарорҳои ҳукумат, рӯзи 4 феврал муовинони вазорати маориф ва илм, роҳбарияти минтақаҳои озоди иқтисодии "Кӯлоб", "Данғара", "Панҷ", мудири Китобхонаи миллӣ ва муовинонаш, комиссарони ҳарбии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, фармондеҳони қисмҳои низомии вазорати дифоъ, вобастаҳои ҳарбӣ дар чанд сафорати Тоҷикистон, сардорони чанд отряд ва марказҳои таълимии нерӯҳои марзбонӣ таъйин гардиданд.