Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп зимни ироаи паёми солонааш ба мардум дар рӯзи 4-уми феврал дигарбора мардум ва Конгресси дутақсимшудаи кишварашро ба ваҳдату ягонагӣ даъват хоҳад кард.
Соли гузашта дар айни ҷанҷолҳо дар бораи буҷаи Амрико, таъхир дар суханронии солона ва тарҳи бунёди девори баҳсбарангез дар марз бо Мексика, Доналд Трамп дар суханрониаш мардумро ба "давраи нави ҳамкорӣ" даъват кард.
Ӯ он замон дар нишасти ҳарду палатаи Конгресс гуфт, "мо бояд аз сиёсати ниқорҷӯӣ, мухолифату подошталабӣ даст кашем ва роҳи ҳамкории фаррох, мусолиҳа ва манфиатҳои муштаракро пеш бигирем".
Паёми имсолаи Трамп дар соли интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирад ва як рӯз баъд аз онки Ҳизби демократи Амрико номзади ҳизб ба мақоми президентро маълум мекунад. Доналд Трамп дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон суханронӣ мекунад, ки моҳи декабр барои аз мақомаш барканор кардан, ба ӯ эълони нобоварӣ карданд. Аммо интизор меравад, Сенат - палатаи болоии Конгресс, Доналд Трампро орӣ аз ҳар гуна қонуншиканӣ эълон кунад.