Кишварҳои ОПЕК ва Русия ба чораҳои изтирорӣ омодагӣ мегиранд

Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) коҳиши истихроҷи нафтро то ба ниммиллион баррел дар як рӯз баррасӣ доранд. Ба иттилои Reuters, ин тасмим ба иллати коҳиши талаботи нафт пас аз паҳни коронавирус гирифта мешавад.

Кишварҳои узви ОПЕК ва Русия интизор меравад, рӯзҳои 14-15 феврал нишасти изтирориеро баргузор кунанд. Қарор буд нишасти навбатии онҳо моҳи марти соли равон барпо шавад.

Нархи нафт аз аввали соли равон 10 доллар поин рафта, арзиши як баррел 56 доллар аст. Кишварҳои ОПЕК мегӯянд, он аз нархи лозимӣ барои ҳифзи баробарии буҷа поинтар аст.

Узви дигари ОПЕК - Эрон рӯзи душанбе гуфт, паҳни вируси нави чинӣ талабот ба нафтро коҳиш додааст. Теҳрон даъват кард, ки барои муътадил нигаҳ доштани нарх бояд чораҳо андешида шавад.

The Wall Street Journal мегӯяд, дар Арабистони Саудӣ барои дастгирии бозор коҳиши истихроҷи рӯзонаи нафтро то ба 1 миллион баррел ҳамчун чораи муваққатӣ баррасӣ доранд.