Саида Мирзиёева, духтари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, Бунёди ҷамъиятии пуштибонӣ ва рушди расонаҳои миллиро муаррифӣ кард.
Дар маросими муаррифии бунёд Саида Мирзиёева гуфт, бо тамоми имконот ва таҷрибааш талош хоҳад кард, ки аз озодии баён ҳимоят кунад, шаффофияти кори мақомотро таъмин ва ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорону блогнависонро ҳифз намояд.
"Ҳоло замоне фаро расид, ки соҳибкасбон, рӯзноманигорон ва блогнависонеро гирди ҳам оварем, ки аз мушкилоти расонаҳо огоҳ ҳастанд. Ва ба назари ман, бунёди мазкур майдони мувофиқе хоҳад буд барои амалисозии ташаббусҳо ва тарҳҳои марбут ба расонаҳо",-гуфт Саида Мирзиёева.
Рӯзи 29 январ мудири Оҷонси иттилоот ва иртибототи назди дастгоҳи президенти Узбекистон Комил Алламҷонов ва муовини вай Саида Мирзиёева аз мақомашон истеъфо доданд.
Рӯзи 23-юми январ Бунёди ҷамъиятии кӯмак ва рушди расонаҳои миллӣ сабти ном шуд. Комил Алламҷонов раиси ин бунёд интихоб ва Саида Мирзиёева муовини вай таъйин шуд.