Помпео: ИМА аз Толибон шаҳодати воқеии хатми хушунатҳоро тақозо мекунад

Тошканд, 3 феврали соли 2020

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз Толибон талаб кард, ки қабл аз имзои созиши пеш аз музокироти сулҳ ва хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, «шаҳодати воқеии» коҳиши мизони хушунатҳоро ба намоиш гузоранд. Помпео рӯзи 3 феврал дар ҷараёни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон гуфт, ки замони созиш наздик омадааст, вале дар гузашта ҳам ҷонибҳо барои имзои як чунин қарордод наздик шуда буданд, аммо Толибон натавонистанд ҷиддияти ниятҳои худро дар заминаи сулҳ ба намоиш гузоранд. Помпео гуфт, “мо дар сари нақшаи сулҳ ва барқарорсозӣ кор мекунем, вергули ҷумларо дуруст мегузорем, то ки ҷумла пурра шавад”. Котиби давлатии ИМА, ки шоми 2 феврал вориди Тошканд шуда рӯзи душанбе бо вазири хориҷаи Узбекистон Абдулазиз Комилов дидору гуфтугӯ кард, баъди он дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Як дафъа дар гузашта ҳам мо ба созиш наздик шудем: як матне рӯи коғаз муштаракан таҳия шуд, вале Толибон натавонистанд ирода ваё тавонмандии худро дар амри коҳиши хушунатҳо намоиш бидиҳанд”.

Ӯ афзуд, “аз ҳамин хотир, он чи ки мо талаб мекунем, ин як шаҳодати воқеии иродаву тавонмандии онҳо барои коҳиши хушунат, коҳиши таҳдидҳо аст, то ки музокироти байниафғонҳо... камтар мазмуни хушунатро дошта бошад”. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки ин ҳама барномаҳо қобили иҷро ҳастанд, вале “кор ҳанӯз зиёд аст”.

Изҳороти Помпео ду рӯз баъди он садо дод, ки фиристодаи ИМА Залмай Халилзод ба президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар ҷараёни сафараш ба Кобул гуфт, ки дар музокирот бо Толибон “пешравии назаррасе” вуҷуд надорад.

Вале Халилзод гуфт, ки умедвор аст дастёбӣ ба созиш дар заминаи коҳиши хушунатҳо бидуни таъини чаҳорчӯби замонӣ имконпазир аст.