Қазоқистон парвозҳояшро ба Чин қатъ кард

Қазоқистон сар аз 3-юми феврал тамоми парвозҳояшро ба Чин ба далели паҳншавии вируси марговар қатъ кард.

Расонаҳои расмӣ пеш аз ин аз қатъшавии равуои заминӣ бо Чин хабар дода буданд. Ба ин тартиб, 29-уми январ гардиши автобусҳо, 1-уми феврал гардиши қатора ва инак парвозҳои ҳавопаймоҳо қатъ шуд. Ҳамчунин Қазоқистон додани виза ба шаҳрвандони Чинро манъ кард.

Ба иттилои мақомоти Чин, то имрӯз шумори қурбониёни вируси нав ба 361 кас расидааст. Дар як рӯзи охир дар он кишвар 57 тан дар пайи мубталоӣ ба вируси нав вафот кард.

Ҳамзамон мақомоти Чин аз такмили сохтмони бинои бемористони вижа барои гирифторони коронавирус хабар доданд. Расонаҳо менависанд, дар шаҳри Вуҳани вилояти Хубэй давоми 10 рӯз бемористони вижае барои 1 ҳазор бемор сохта шуд. Бемористони дигаре дар ҳоли такмилшавӣ аст.

Шумори умумии гирифторони вируси нав дар Чин бино бар иттилои ахир, ба 17 ҳазору 205 кас расидааст. Дар маҷмуъ, ин вирус ба 24 кишвари дигар расид.