Иёлоти Муттаҳида муваққатан тақдими визаи муҳоҷиратӣ ва гринкортро ба шаҳрвандони Қирғизистон қатъ кардааст. Қарор рӯзи 31-уми январ содир шуд.
Сафири Амрико дар Қирғизистон Доналд Лу гуфт, Амрико аз эътибори шиноснмоаҳои Қирғизистон ва ҳамчунин раванди судури онҳо нигарон аст.
Вай айни замон афзуд, тақдими виза пурра манъ нашудааст ва ба сайёҳону тоҷирон ва дониҷшӯён дода мешавад.
“Чанд вақт бо ҳукумати Қирғизистон дар бораи беҳтар кардани дараҷаи муҳофизатии шиносномаҳои қирғизӣ ва табодули иттилои иловагӣ дар мавриди терроризм гуфтугӯ доштем. Умед дорем, ин тасмим Қирғизистонро водор мекунад, ки татбиқи ин тарҳҳои муҳимро тезонад,” -- афзуд сафир.
Амрико ҳамчунин додани виза ба сокинони Мянмар, Нигерия, Судон, Эритрея ва Танзанияро низ маҳдуд кардааст.