Мақомоти Русия гузориш доданд, ки ду мавриди гирифтор шудан ба вируси навро дар кишвар сабт кардаанд. Ин вирус то ҳол дар Чин беш аз 200 нафарро куштааст.
Муовини нахуствазири Русия Татяна Голикова гуфт, ду ҳодисаи гирифторӣ ба вирус дар минтақаи Забайкалеи ҳаммарз бо Чин ва вилояти Тюмени ҳаммарз бо Қазоқистон сабт шудааст.
Ҳарду бемор, ки шаҳрвандони Чин мебошанд, дар беморхона зери назорат ҳастанд. Русия қаблан аксари парвозҳоро ба самти Чин муваққатан бекор кард.
Коронавирус, ки бо суръати зуд паҳн шуда сироят мекунад, аз моҳи декабри соли 2019 ба ин сӯ боис ба марги 213 нафар дар Чин шуда, ҳудудан 10 ҳазор сокини дигари ин кишвар ба ҳайси олудашуда ба қайд гирифта шудаанд.
Дирӯз Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ ҷорӣ кард ва гуфт, дар хориҷ аз Чин 98 нафар қурбони ин вирус шудаанд. То имрӯз ин вирус дар 20 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.