Журналистони тоҷик маъракаи пуштибонӣ аз Далер Шарифовро роҳандозӣ карданд

Хайрулло Мирсаидов, як журналисти мустақил аз ҷомеаи журналистии Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои раҳоии рӯзноманигор Далер Шарифов аз боздошт садо баланд кунанд. Мирсаидов рӯзи 31 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо чанд журналист ва фаъоли дигари тоҷик, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, маъракаи пуштибонӣ ва даъват ба раҳоии Далер Шарифовро зери шиори #FreeDaler роҳандозӣ кардаанд. Ӯ гуфт, даъвати онҳо инчунин ба ҷомеаи журналистӣ дар Тоҷикистон ҳам равона шудааст, то ки барои ҳимоят аз ҳуқуқ ва озодиҳои як ҳамкори дастгиршудаашон садо баланд кунанд.

Бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигор ва таҳлилгари 32-солаи тоҷик аз рӯи моддаи "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ" (қисми яки моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар ва ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ин қарор боиси интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам ҷомеаи журналистии Тоҷикистон шуд. Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон – НАНСМИТ, ки қаблан “шеваи боздошт ва муносибати мақомотро ғайри қобили қабул хонда буд”, бо пахши изҳороти дигаре гуфт, ки қазияи Далер Шарифовро таҳти назорат қарор медиҳад.

Хайрулло Мирсаидов


Журналисти мустақил Хайрулло Мирсаидов бо пахши як изҳороти видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуфт: “Ӯро дар ҷиноятҳои сангин гунаҳгор мекунанд, яъне барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ. Тавре ёд доред, ду сол пеш маро ҳам аз рӯи айни ҳамин модда гунагҳор мекарданд. Дар натиҷа, тафтишот чизеро исбот карда натавонист ва иттиҳомот соқит карда шуд. Имрӯз бо маъракае ба пуштибонии Далер Шарифов оғоз мекунем ва талаб мекунем, ки озод шавад”.

Дар ҳодисаҳои соли 2018 Хайрулло Мирсаидов бар асоси шикояти як мақоми ҳукумати вилояти Суғд ҳабс шуд ва ба 12 соли зиндон маҳкум гардид. Танҳо таҳти фишори ҷомеаи байналмилалӣ, Мирсаидов баъди тақрибан як соли ҳабс озод шуд ва ба хориҷа рафт.

Далер Шарифов дар рӯзи сеюми боздошташ дар Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд ва рӯзи 31 январ вакилони дифояш гуфтанд, ки аз додгоҳи шаҳри Душанбе талаб карданд, ки дар марҳилаи тафтишот озод карда шавад.