Парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Чин муваққатан боздошта шуд

Даромадгоҳи фурудгоҳи Душанбе

Ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” бо пахши изҳороте гуфт, ки дар моҳи феврал парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанбе муваққатан бозмедорад. Ин ширкат дар изҳороте рӯзи 31 январ гуфт, ки чунин тасмим дар заминаи эълони вазъи фавқулоддаи байналмилалӣ, ки дирӯз аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар робита бо ошкоршавии вируси нави марговар эълон шуд ва ҳам дастури Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудааст. Ширкат гуфтааст, ки маблағи билетҳои фурӯхташуда баргардонида мешавад. Ин дар ҳолест, ки парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Урумчӣ аз санаи 24-уми январи соли ҷорӣ боздошта шуда буд ва дар шарҳи ширкат гуфта мешавад, ки қарор буд аз 4 феврал ин парвозҳо аз сар гирифта мешуд.

Ин яке аз охирин тасмимҳои мақомоту сохторҳои дар Тоҷикистон ба хотири роҳ надодан ба вуруди вирус ба кишвар мебошад. Қаблан президент ҳам дастур дода буд, ки сохторҳои дахлдор, ба вижа вазорати беҳдошт роҳҳои ҳифзи аҳолӣ аз сироятшавӣ ба вирусро биандешанд. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дар ин кишвар ҳодисаҳои эҳтимолии олудагӣ ба вируси нав сабт нашудааст. Рӯзи 31 январ маъмурияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тадбирҳо ҷоришуда дар заминаи санҷиши вазъи сиҳҳатии мусофирони аз хориҷа ба Тоҷикистон воридшавандаро намоиш доданд.

Мақомот дар Чин мегӯянд, ки то имрӯз дар ин кишвар 213 нафар бар асари вируси нав ҷон бохта, ҳудудан 10 ҳазор нафар ба унвони олудашуда расман ба қайд гирифта шудаанд. Дар 18 кишвари дигари ҷаҳон то ҳол олудашавии 98 нафар вирусе, ки онро “коронавирус” ваё вируси “тоҷдор” ҳам ном гузоштаанд, тасдиқ шудааст.

Тоҷикистон ва Чин 477 км марзи муштарак доранд, ки аз қисмати Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб мегузарад ва бештар қаламравҳои кӯҳиро убур мекунад. Рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин ҳам тавассути роҳҳои ҳавоӣ ва ҳам аз роҳи мошингард сурат мегирад.

Аломатҳои беморӣ - таби баланд, сурфа ва тангии нафас мебошанд.