Баҳси додгоҳии модарони серфарзанд бо фаъоли ҷамъиятӣ дар Қазоқистон

Алибек Молдин, фаъоли ҷамъиятии қазоқ.

Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 29-уми январ ба баррасии шикояти шаҳрвандии панҷ модари серфарзанд нисбати фаъоли ҷамъиятӣ Алибек Молдин пардохт.

Модарони серфарзанд бо қасди "ҳимоят аз шаъну шараф" ба додгоҳ шикоят бурданд. Ҳар кадоми онҳо аз Молдин 100 ҳазор тангаӣ ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ ва узрхоҳии оммавӣ талаб доранд.

Додгоҳи зинаи поёнӣ ҳанӯз 9-уми январ шикояти занҳоро нисбат ба фаъоли ҷамъиятӣ рад карда буд. Судя гуфт, "дар парвандаи Молдин таркиби ҷиноят мавҷуд нест".

Модарони серфарзанд даъво доранд, ки гӯё Молдин дар хитоб ба онҳо гуфтааст: "Ана ҳамин гуна тамоми умратонро мисли ҳайвон мегузаронед". Занҳо аз ин ҳарфҳои Молдин худро "таҳқиршуда" эҳсос кардаанд.

Занҳо бо нишони эътироз аз ҳукми зинаи поёнӣ ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурданд. Молдин бовар дорад, ки ин парванда ангезаи сиёсӣ дорад ва ӯро ба хотири фаъолиятҳои шаҳрвандиаш таъқиб мекунанд.

Алибек Молдин дар чандин гирдиҳамоиҳо ва эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар солҳои 2016 ва 2019 ширкат кардааст.