Посухи Палатаи ҳисоб ба БМ: Вақте ба санад имзо гузоштед, эътироз чаро?

Палатаи ҳисоб бори дигар аз мавқеаш дар бораи ошкор шудани зарари молиявӣ дар Бонки миллӣ ҳимоя кард ва гуфт, санҷишаш дар кори бонк дуруст аст. Дар пайи эълони Палатаи ҳисоб дар соли гузашта, ки гуфт дар кори Бонки миллӣ 8,3 миллион сомонӣ зарар ошкор кардааст, Бонки миллӣ эътироз кард. Бонки Миллӣ дар як баёнияи нодир Палатаи ҳисобро ба нашри иттилои носаҳеҳ ва латма задан ба обрӯи бонк муттаҳам карда буд.

Собир Салимзода, аудитори Палатаи ҳисоб рӯзи 30-юми январ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши ин ниҳод соли 2018 дар Бонки миллӣ 8,3 миллион сомонӣ зарарро ошкор кард, ки 90 дарсади он аз ҳисоби кам ҳисоб шудани андозҳо мебошад. Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, аз рӯи натиҷаи аудити Бонки миллӣ санад тартиб дода шуда, 11 сардорони департамент ва шуъбаҳои Бонки миллӣ ва раиси Бонки миллӣ ба он имзо гузоштаанд.

Нахустин изҳороти Палатаи ҳисоб дар бораи ошкор шудани зарари молиявӣ дар Бонки миллӣ тобистони соли гузашта садо дода буд. Аммо Бонки миллӣ дар як изҳороти иддаои Палатаи ҳисобро беасос донист.

Дар баёния гуфта мешуд, хабари "ошкор гардидани зарари молиявӣ дар фаъолияти Бонки миллӣ саҳеҳ набуда, асоси воқеӣ надорад. Муассисаи марказии молии Тоҷикистон гуфтааст, маълумоти Палатаи ҳисоб дар хусуси ба маблағи 8,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ собитшуда нест ва “ба унсурҳои зарари молиявӣ ҳаргиз мутобиқат намекунад".

Бонки миллӣ мегӯяд, ин маблағ аз ҷумла молиёт аз истифодаи роҳ аст, ки муассиса онро пардохтааст ва санади расмии онро ҳам дорад. Дар баёния гуфта мешуд, "Бонки миллии Тоҷикистон маблағи андозро мустақилона ва бо тасмими худ, бе ягон тавсияву пешниҳоди санҷишгарони Палатаи ҳисоб ба буҷети давлатӣ интиқол додааст".

Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб дар посух ба ин эътирози Бонки миллӣ рӯзи 30-юми январ гуфт, "вақте, ки 11 сардорони департамент ва раиси Бонки миллӣ имзо мегузорад, дигар ҳоҷати гап нест".

Дар Тоҷикистон бисёр кам иттифоқ меафтад, ки як ниҳоди давлатӣ, ниҳоди дигареро ошкоро танқид кунад ва онро ба беобрӯ кардани худ муттаҳам намояд.