50 сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи мушакии Эрон осеб дидаанд

Шумори низомиҳои амрикоӣ, ки дар натиҷаи мушакпартоии Эрон ба пойгоҳи ҳавоии ИМА дар Ироқ зарбаҳои мағзӣ бардоштанд, ба 50 тан расид. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя намояндаи расмии Пентагон иттилоъ дод.

Сарҳанг Томас Кэмпбелл рӯзи 28-уми январ гуфт, ошкор шуд, ки 16 низомии дигар ҷароҳати мағзӣ бардоштаанд. Ба ин тартиб, шумораи умумии маҷруҳшудагон ба 50 тан расид. Аз ин шумор 31 кас табобат гирифта, дубора ба артиш баргаштаанд.

Доналд Трамп, президент ИМА нахуст гуфта буд, ки дар ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Айн ал-Асад дар ғарби Ироқ рӯзи 8-уми январ касе осеб надидааст. Трамп барқасдона ҷароҳати низомиҳоро "сабук" арзёбӣ карда буд. Уилям Шмитс, роҳбари созмони "Куҳнасарбозони ҷангҳои хориҷии ИМА" рӯзи ҷумъаи гузашта гуфт, созмон интизор дорад, ки президент ба далели "изҳороти иштибоҳияш" аз низомиҳо узрхоҳӣ хоҳад кард.

Эрон ҳамлаи мушакиашро посух ба қатли генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ унвон кард. Сулаймонӣ рӯзи 3-юми январ дар наздикии фурудгоҳи Ироқ дар пайи ҳамлаи ҳавоии Амрико кушта шуд. Замони мушакпартоии Эрон ба пойгоҳи амрикоӣ дар Ироқ наздики 1,5 ҳазор низомии Амрико дар он макон ҳузур доштанд, ки бештари онҳо дар паноҳгоҳи зеризаминӣ пинҳон шуданд.