Вазорати тандурустии Чин рӯзи 28-уми январ гуфт, вируси хатарноки нав то кунун ба 5 ҳазору 974 нафар сироят карда ва 132 тани дигарро куштааст. Комиссияи миллии тандурустии Чин рӯзи 29-уми январ хабар дод, ки 9 ҳазору 239 нафари дигар, ки гумон меравад гирифтори бемории роҳи нафасанд, зери назорат мебошанд.
Беморӣ дар берун аз Чин ҳам паҳн шуд ва то ба Аврупову Амрикои Шимолӣ ва Осиё расидааст. Вируси нав, ки бемории шабеҳи илтиҳоби шуш бармеангезад, назар ба вируси SARS, бемории дигари роҳҳои нафас, ки соли 2002-2003 пайдо шуд ва 600 нафарро ҳалок кард, зудтар ва васеътар доман мезанад.
Аломатҳои беморӣ, таби баланд, сурфа ва тангии нафас мебошанд. Мақомоти Чин гуфтанд, равуо ба 17 шаҳри вилояти Ҳубейро, ки зоҳиран вирус бори аввал моҳи декабри соли гузашта дар онҷо пайдо шудааст, манъ карданд.
Садҳо шаҳрванди хориҷӣ аз маркази шаҳри Вуҳан, ҷойи паҳншавии беморӣ, кӯчонида шуданд.
Австралия ба нақша гирифтааст, ки 600 шаҳрванди баргаштаро дар ҷазираи Крисмас, дар масофаи 2000 километр дуртар аз сарзамини асосӣ барои ду ҳафта дар карантин нигоҳ дорад.
Иттиҳоди Аврупо ва инчунин кишварҳои дигар, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низ шаҳрвандони худро бармегардонанд.