Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар Твиттер навишт, ки ба ҳукумат дастур додааст, барои пешгирии паҳншавии вируси нав - "коронавирус" аз Чин ба ин кишвар тамоми чораҳои қатъиро биандешад.
Фаъолияти бахши қазоқистонии маркази байналмилалии ҳамкориҳои назди марзии "Хоргос" муваққатан қатъ ва назорат дар фурудгоҳ ва дар марз бо Чин сахттар шудааст. Ин тасмими 26-уми январ дар ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон ба раҳбарии сарвазир Аскар Мамин гирифта шуд.
Дар ҷаласа қарор шуд, "назорати санитарию эпидемиологӣ ва муҳоҷирон дар гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо сахттар карда шавад".
Бино ба маълумоти ахир, аз вируси нав аллакай дар ҷаҳон 56 кас ҷон бохта, ҷамъан 1975 нафар ба он гирифтор шудааст. Ин вирус нахуст дар шаҳри Вуҳони Чин пайдо шуда буд, ки 11 миллион аҳолӣ дорад.
Дар баробари Чин, вируси нав дар Австралия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳонгконг, ИМА, Канада, Фаронса ва Тайван низ ошкор шудааст.