Додситонҳои Маҷлиси Намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вазифадор шудаанд, ки рӯзи 22-юми январ далелҳои худро дар мурофиаи муҳиме дар Сенат барои аз вазифа сабукдӯш кардани президент Доналд Трамп пешниҳод кунанд.
Ҷумҳурихоҳон пештар аз ин ба қоидаҳои барои додгоҳи импечмент пешниҳодшуда аз тарафи Митч МакКоннелл, роҳбари аксарияти Сенат, овоз доданд.
Намояндагони маҷлиси Сенати Амрико тарҳи вобаста ба раванди нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трампро қабул карданд. Ин тарҳ ба пешниҳоди Митч МакКоннелл, роҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳон, бо 53 овози тарафдор ва 47 овози зид пазируфта шуд.
Аз рӯи тарҳ, аъзои кумитаи “нобоварӣ”-и Маҷлиси Намояндагон, ки ҳама аз ҳизби демократ ҳастанд, бояд дар се рӯз далелҳои худро барои “нобоварӣ” ба Доналд Трамп пешниҳод кунанд. Гурӯҳи вакилони Доналд Трамп ҳам бояд дар ҳамин муддат далелҳои худро барои пешгирии ин раванд ба миён гузорад.
Трамп, ки дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии Давос (Швейтсария) иштирок мекунад, рӯзи 21-уми январ дар Твиттер навишт: “Матни гуфтугӯҳоро хонед!” Ишора ба матни гуфтугӯи телефонии ӯ дар 25-уми июли соли 2019 бо Владимир Зеленский, президенти Украина мебошад , ки дар ҷараёни он вай аз Киев хостааст, рақиби сиёсиаш, ноиби пешини президенти Амрико Ҷо Байденро таҳқиқ кунад.