Оғози баррасии шикояти хонаводаи Матраимовҳо зидди Радиои Озодӣ

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек имрӯз, 20-уми январ баррасии шикояти хонаводаи Матраимовҳо зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов ва сомонаҳои Kloop ва 24.kg-ро оғоз мекунад.

Хонаводаи Матраимовҳо 9-уми декабри соли гузашта барои ҳифзи обрӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ рӯзи дигар ҳисобҳои бонкии расонаҳо, ҷамъан ҳудуди 859 ҳазор долларро ба ҳабс гирифт. Вале дертар ин қарор бекор шуд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Матраимов дар навбати худ гуфт, дар интиқоли ғайриқонунии 700 миллион доллар аз Қирғизистон ба хориҷ даст надорад ва маълумоти рӯзноманигорон дар таҳқиқот дурӯғ аст.